Бо баландгӯякҳои Роҳи оҳани Қазон дар Маскав саворшавӣ ба қатори № 330-и Москва-Душанбе эълом шуд. Ва одамон дар толори мунтазир саросамавор боғоҷҳои худро ҷамъ менамоянд, ки баъзе аз ин бағоҷҳо на он қадар хурданд. Ана он бачаҳо аз Кӯлоб ба хонаҳои худ техникаи хонагии кӯчак мебаранд ва мегӯянд, ки сифати он дар Русия нисбат ба Тоҷикистон беҳтар аст, ва экрани бузурги плазмавӣ мебаранд.