ДУШАНБЕ, 9 фев— Sputnik. дар ин бора равобити умумии вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки даҳ ҳунарманд ва ҳунарпешагони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии "Сураҷкунд Мела", ки дар иёлоти Ҳарянаи Ҳиндустон рӯзи 2 феврал оғоз шуд, ширкта мекунанд.
Ин Ҷашнвора бузургтарин намоишгоҳи рақс ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҳиндустон мебошад.
Рақс ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷикро дар ҷашнвора 5 нафар ҳунарпешагони рақс аз Ансамбли "Ҷаҳоноро"-и Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ва панҷ нафар ҳунармандон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Ҳисор ва Душанбе муаррифӣ хоҳанд кард.
Ҳунармандон намунаҳои ҳунарҳои қолинбофӣ, чармгарӣ, заргарӣ, муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарии тоҷикро ба маърази меҳмонони намоишгоҳ мегузоранд.
Ҷашнвора то 18 феврали соли 2018 идома меёбад.