Боди сахт: ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 9 феврал ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш пешбинӣ шуда вазиши боди сахт дар назар аст.

Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Баҳор қариб аст: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои офтобиву бебориш дар назар аст

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.