Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳур фармондеҳи Нерӯҳои заминиро аз вазифа озод кард

Имрӯз чанде аз масъулин бо қарорҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташон барканор ва ба вазифаи дигар таъйин шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев— Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

"Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳ озод гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон таъйин карда шуд", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, бо фармонҳои раисҷумҳур, Саидҷон Қудратзода бо сабаби даргузашташ аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Файзобод ва Хайрулло Табаров аз вазифаи раиси додгоҳи низомии подгони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрасӣ озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди раисҷумҳур дар бораи раиси Утоқи муҳосиботи Тоҷикистон таъйин намудани қарахон Чиллазода ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.