Ширкати истихроҷи тиллои “Зарафшон” дубора оғоз ба кор кард

Бузургтарин ширкати истихроҷ филиззҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон – ширкати муштараки тоҷикиву чинии “Зарафшон” пас аз исти кӯтоҳмуддате дубора оғоз ба кор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ширкати “Зарафшон” истихроҷи тиллоро аз сар гирифт, гуфт Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи молиёти Ҳукумати Тоҷикистон.

“Ҳукумати Тоҷикистон қарореро тасвиб кард, ки бар асоси он бузургтарин ширкати истихроҷи филиззҳои гаронбаҳо – ширкати муштараки тоҷикиву чинии “Зарафшон” – корашро дубора оғоз кард”, — гуфт Давлатзода дирӯз дар нишасти расонаӣ.

Раиси Кумитаи молиёт афзуд, ки чанде пеш худ масоили фаъолияти ин ширкатро бо раёсати он баррасӣ кардааст.

“Ширкат корашро на куллан, балки барои муддати кӯтоҳе боз истонда буд, зеро муддати эътибори муҷаввизаш ба поён расида буд. Афзун бар ин, ширкат бархе аз масъулиятҳои худро баҳангом иҷро накарда буд”, — гуфт вай.

Давлатзода тавзеҳ надод манзураш кадом масъулиятҳост, вале таъкид кард, ки ширкати “Зарафшон” бо Кумитаи молиёт ҳеч мушкиле надорад.