Бритнӣ Спирс: дӯстписари эрониам маро хушбахттарин духтари ҷаҳон кардааст

Имрӯзҳо робитаи овозхони номдори амрикоӣ Бритнӣ Спирс бо дӯстписари эрониаш яке аз мавзуъҳои доғи расонаҳо шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бритнӣ Спирс ҳамроҳ бо Сом Асғарӣ – дӯстписари эрониаш дар маҷлисҳои хусусӣ ва маҳфилҳои умумӣ зоҳир мешавад ва аксҳои дунафараашонро дар сафҳааш дар Instagram мунташир мекунад.

 

 

Сом Асғарӣ мураббии парвариши андом ва бадансозӣ аст ва аз чанде пеш модел ва бозигариро ҳам оғоз кардааст. Ӯ дар раванди филмбардории намоҳанги “Slumber Party” бо Бритнӣ Спирс ошно шуд ва робитаашон оғоз ёфт.

Бритнӣ дар солгарди дӯстиаш бо Сом бо интишори аксе дунафара дар сафҳааш навишт: Ин мард ҳар рӯз маро илҳом мебахшад то инсони беҳтаре бошам ва ин маро хушҳолтарин духтари дунё мекунад!

 

 

Ин аксу навиштааш рӯзҳои ахир бозтоби бисёре дар фазои маҷозӣ доштааст ва корбарон бардоштҳои гуногуне аз он доранд. Бархе Сомро хушбахттарин ҷавони дунё медонанд, ки ба воситаи дӯстиаш бо Бритнӣ ба шуҳрат расидааст. Бархе дигар дӯстии Соми 23-сола ва Бритнии 35-соларо, ки ду бор шавҳар кардаву ду писари 10-сола ва 11-сола дорад, “аҷиб” ва “ғайриодӣ” шумурдаанд. Аммо гурӯҳе низ бар ин бовар аст, ки робита миёни Бритнӣ ва Сом басе жарфтар аз дӯстӣ аст ва ба зудӣ ба издивоҷу ташкили хонавода хоҳад кашид. Корбарони бисёре барои ин ҷуфти ҳунарӣ шодиву хушбахтӣ орзӯ кардаанд.