Дар Суғд шумори гирифторони ВИЧ афзоиш ёфтааст

Дар соли гузашта дар вилояти Суғд 299 тан мубталои вируси камбуди эмании инсон сабт шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Фаррух Мақсудзода, раиси идораи беҳдошти Суғд дар нишасти расонаӣ гуфт,  ки 167 тан аз мубталоён мард ва 132 тан зан мебошанд.

Шумори мубталоёни ВИЧ дар муқоиса бо перорсол 80 тан афзоишро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи Мақсудзода, дар соли 2017 31 кас ва дар соли 2016 33 кас аз ин беморӣ даргузаштанд.

Мақсудзода афзудааст, 34,8 дарсади мубталоёне, ки соли гузашта сабт шуданд, дар синни 30-39, 25 дарсад дар синни 40-49, 5,7 дарсад дар синни 20-24, 3,7 дарсад дар синни 5-14 ва 3,7 дарсад дар синни то 4-сола мебошанд.

Дар 225 маврид (75 дарсад) наздики ҷинсӣ, дар 49 маврид (16,4 дарсад) инфексия боиси ин беморӣ шудааст. Дар 19 маврид бемории ВИЧ аз модар ба фарзанд гузаштааст ва дар 4 маврид сабаби мубтало шудан ба ин беморӣ кашф нашудааст.