Баҳор қариб аст: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои офтобиву бебориш дар назар аст

Восход солнца на острове Тиран (Tiran Island). Архивное фото
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Имрӯз, 8 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 11 — 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.