Тоҷикистон дар пешгирии ду амалиёти террористӣ ба Узбакистон кӯмак кард

Дар худи Тоҷикистон ВУД 36 амалиёти террористиро пешгирӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Соли равон кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар аз 36 ҳодисаи амалиёти террористӣ пешгирӣ карданд.  Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ вазири умури дохилаи Тоҷикистон генерал-полковники милиса Рамазон Раҳимзрода хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, вазоратҳои умури дохилаи хориҷа бо истифода аз маълумоти фаврие, ки аз ВУД ҶТ гирифтаанд, аз амалҳои террористӣ дар ҳудуди кишварҳояшон пешгирӣ карданд.

"Ҳамин тавр, бо мусоидати ВУД дар ҳудуди Русия 5 инфиҷор,  Чин 1 инфиҷор, Узбакистон 2 инфиҷор, Украина ва Қазоқистон 1 инфиҷор пешгирӣ карда шудаст",- мегӯяд Раҳимзода.

Раҳимзода афзуд, соли гузашта дар ҳудуди Ироқ ва Сурия 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи ДОИШ ҷанг мекарданд, кушта шуданд. Аммо бо хоҳиши худ 117 шаҳрванди Тоҷикистлон аз Сурия ба Ватан бар гаштаанд.

Вазир ҳамчунин қайд кард, ки дар соли гузашта ба иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба пайгарди байналмиллаӣ эълон шуданд.