Раҳимзода: То ҷое мо медонем, Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон баъди аз мақомотҳои Русия пайдо кардани хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимов, ин маълумотро дар пайи таҳқиқ қарор додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфтааст, бино бар маълумоте, ки ниҳод дар даст дорад, сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст.

Вазир дар рафти нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё Гулмурод Ҳалимов зинада аст, гуфт, "то ҷое, ки мо медонем, вай кушта шудааст".

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода ВУД хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро аз мақомотҳои қудратии Русия пайдо кардааст ва ҳоло дурустии онро бо роҳҳои худ таҳқиқ мекунад.

Моҳҳои августи соли гузашта Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки қумандони собиқи ОМОН-и ВУД ҶТ Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии Русия кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.

Пештар ҳам бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шуданаш хабар доданд. Аммо ВКД Тоҷикистон марги ӯро таъйид накард ва эълом кард ки дар ин замина бозҷӯӣ хоҳад кард.

Моҳи сентябр, пас аз мунташир шудани ин хабар расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба сухангӯи ВУД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар доданд, ки Гулмурод Ҳалимов зҳанӯз таҳти пайгарди ВУТ ҶТ қарор дорад.