Аслов бо сафири Бритониё дар чӣ бора сӯҳбат кард

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон, Ҳю Стенли Филпотт дидор ва мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 6 феврал вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Британиёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон, Ҳю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфтааст.

"Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Британияи Кабир мубодилаи афкор намуданд", — омадаааст дар хабарнома.

Чанде пеш раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирланди Шимолӣ дар ҶТ Ҳю Стенли Филпотт мулоқот карда буд.

Дар ин дидор таъкид шуда буд, ки Дафтари рушди байналмилалии Бритониё тасмим гирифта дар татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025 саҳмгузорӣ кунад.