ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода Рустам Назарзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст.
Шӯмораи ғарқшудагон дар қиёс ба соли 2016, 32 нафар бештар аст.
"Соли 2017 дар оби рӯдхонаҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо 170 нафар шаҳрвандони кишвар бо сабабҳои гуногун ғарқ ва ба ҳалокат расидаанд. 75 нафари дигар ҳангоми ғарқ шудан аз ҷониби кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот дода шудаанд", гуфтааст раис.
Назарзода гуфтааст, ки бо вуҷуди роҳандозии рейдҳои ҳамешагӣ, пайваста гузаронида шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, таблиғот аз тариқи радио ва телевизион ва матбуот, мутаассифона боз ҳам мардум ҳангоми оббозӣ дар обҳо ба ҳалокат мерасанд.
Раиси КҲФ афзуда, ки "соли 2017 – 170 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд, ки 58 нафари онҳо шаҳрвандони то синни 17-сола мебошанд. 42 нафар аз ҷумлаи ҳалокшудагон дар об дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ қурбон шудаанд. Дар садамаҳои автомобилӣ — 43 нафар ҷон доданд. 24 нафар аз беэҳтиётӣ, 13 нафар аз беназоратии волидон, 9 нафар даст ба худкушӣ заданд, 5 тан ҳангоми моҳидорӣ ҳалок шуданд, 4 нафар бар асари мастӣ ва 30 нафар бо сабабҳои гуногун ҷони худро аз даст доданд".
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2016-138 нафар сокинони кишвар дар обҳо ҳалок шуда буданд ва 58 нафари онҳо ноболиғон буданд.
Рустам Назарзода як омили аслии ҳалокати ноболиғон дар обҳоро беназоратии волидон унвон кард ва гуфт, ки падару модарон ва калонсолон масъулият доранд, ки хурдсолонро ҳангоми оббозӣ ҳамроҳӣ кунанд.
Генерал роҳандозии корҳои садамавиву наҷотро як бахши муҳими фаъолияти ниҳоди зертобеъи худ донист ва гуфт: "Яке аз самтҳои нисбатан муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аст.
Наҷотдиҳандагони Кумита 654 маротиба дар амалиёти наҷот иштирок намуда, ҷони 203 нафарро аз марг наҷот доданд ва 75 нафари онҳо афроде будаанд, ки дар об ғарқ мешуданд.