ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ин росто раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо мудири иҷроии шабакаи осоишгоҳҳои "Raghadan Tourist Resort" дуктур Солеҳ Тавӣ гуфтугӯ кардааст, хабар медиҳад расонаҳои расмӣ.
Дар ин мулоқот ба сармоягузори араб дар бораи дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар, аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, пешниҳоди имтиёзҳо барои дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, 50% коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав иттилоъ дода шудааст.
Ҳамзамон намояндагони Тоҷикистон ба ҳамтоёни араби худ дар бораи фаъол будани низоми электронии дастрас намудани раводид ва дигар ҷанбаҳои ислоҳоти соҳаи гардишгарӣ маълумот додаанд.
Доктор Солеҳ Тавидар бо намояндагӣ аз сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Тоҷикистон гуфтааст, ки "сармоягузорони Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода ҳастанд".
Дар робита ба ин Нуъмон Абдуғаффорзода гуфта, ки "аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ лоиҳаҳои сармоягузории инфрасохтори сайёҳӣ ва хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардию шикор ба ҷониби арабӣ пешниҳод карда мешаванд".