КҲФ Тоҷикистон дар дараи Бартанг тамринот баргузор мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон барномарезӣ карда, ки дар наздикии кӯли Сарез тамринот баргузор кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев  — Sputnik. Ин тамринот моҳи августи соли 2018 дар дараи Бартанг баргузор карда хоҳанд шуд, эълом кард раиси КҲФ Рустам Назарзода дар нишасти хабарие, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

“Мавзуъи ин тамринот ҳамоҳангии амалиёт дар сурати канда шудани сарбанди Сарез хоҳад буд”, — тавзеҳ дод вай.

Дар ВМКБ мардумро аз зери "тарма" наҷот доданд

Раиси КҲФ ҶТ гуфт, ки Идораи Кумита дар кӯли Сарез вазъро ҳамвора назорат мекунанд ва додаҳоро бедаранг дарёфт ва коркард мекунад.

“Вазъ дар кӯли Сарез ором аст ва ҷое барои нигаронӣ нест. Ҳатто заминларзаи 7-дараҷаӣ, ки зимистони соли 2015 рух дода буд, чандон асаре бар сарбанди кӯли Сарез нагузошт”, — гуфт вай.

Чанде пеш дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон равишҳои ёрирасонӣ ба осебдидагон аз тармаро тамрин карда буд.