ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагиву кор мекунанд, аз ин пас метавонанд гувоҳиномаҳои ронандагии кӯҳнаашонро дар Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Маскав ба гувоҳиномаи ронандагии биометрӣ иваз кунанд, эълом кардааст хадамоти иттилоърасонии ВУХ Тоҷикистон.
Барои дарёфти гувоҳиномаи ронандагии биометрӣ шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулии Сафорат маълумотномаи тиббӣ, нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва расиди пардохти 100 дулорро пешниҳод кунанд.
Бахши консулӣ дар 14 рӯзи корӣ гувоҳиномаи ронандагии зистсанҷишӣ ё биометриро омода мекунад. Ин гувоҳиномаҳо бо стандартҳои байналмилалӣ созгор буда ва 10 сол эътибор доранд ва аз онҳо мешавад дар 166 кишвар истифода кард.
Яке дигар аз бартариҳои гувоҳиномаи ронандагии биометрӣ ин аст, ки дорандаи он метавонад бо гузаштан аз се имтиҳон аз назарияи қоидаҳои ронандагӣ, худравронӣ дар майдони омӯзиш ва худравронӣ дар шаҳр гувоҳиномаи ронандагии Русияро дарёфт кунад.