Раҷаббой Аҳмадзода ба рӯзноманигорон 150 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

Дар вилояти Суғд ғолибони озмуни "Хомаи созанда-2017" маълум шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, имрӯз дар маҷлисгоҳи Осоишгоҳи "Баҳористон" маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни "Хомаи созанда-2017" баргузор шуд.

Ба таъкиди сухангӯи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов, дар вилояти Суғд озмуни "Хомаи созанда" ҳамасола бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси беҳтари муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят, нашри маводи баландмазмун дар мавзӯъҳои махсуси аҳамият ва арзиши иҷтимоидошта ва дастгирии рӯзноманигорн баргузор мегардад.

"Ба озмуни мазкур дар соли 2017 84 нафар хабарнигорони расонаҳои хабарии вилоят, инчунин рӯзноманигороне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии марказӣ намояндагӣ мекунанд, мавод пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи баррассии маводҳои озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият 38 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд",- гуфта мешавад дар гузории манбаъ.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба се нафар собиқадори соҳа Файзулло Атохӯҷаев, Муҳаррам Юсуфова, Мирзоҳамдам Шариф ва 38 нафар ғолибони озмуни "Хомаи созанда-2017" дар маҷмӯъ 150 000 сомонӣ мукофотпулиҳоро супорид.