Заминларза дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар як сол 33 маротиба замин ҷунбид

Дар соли 2017 дар кишвар 883 балои табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла заминларза дар соли гузашта 33 маротиба мардуми Тоҷикистонро такон додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар Тоҷикикистон дар як сол 33 маротиба замин ҷунбидааст. Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ раиси кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода хабар дод.

Ба гуфтаи Рустам Назарзода, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Кумита  нишон дод, ки соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ асосан офатҳои табиӣ- заминларза, фаромадани тарма, ярч, 5 маротиба боридани барфи аз меъёри муқарраргардида зиёд, боронҳои пай дар пай, омадани сел, обхезӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуданд.

"Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз инҳо 720 ҳолати тармафароӣ, 41 ҳолати омадани сел, 32 ҳолати баландшавии сатҳи оби дарёҳо, 23 ҳолати фаромадани ярч, 33 ҳолати заминларза, 21 ҳолати Сангреза (кӯҳпора) ва 13 ҳолати вазидани шамолҳои сахт мебошанд",- гуфт раиси кумита.

Тавре Назарзода афзуд, аз ҳодисаҳои табиии ба қайд гирифташуда 56 ададашон ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонида, бар асари онҳо 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Наҷотдиҳандагони кумита 654 маротиба дар амалиёти наҷот иштирок намуда, дар натиҷа 203 нафарро наҷот доданд, ки аз инҳо 75 нафар афроде буданд, ки дар об ғарқ мешуданд.