Ҷаримаи 10 ҳазор волидайн барои нақзи қонуни масъулияти волидайн

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз ҷаримаи молии 10 ҳазор волидайни донишомӯзони мактабҳои миёнаи давлатии ин кишвар барои нақзи Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон дар соли 2017 хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik. Ба гузориши сайти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Нуруддини Саид ин матлабро дар нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Вай таъкид кард, маблағи ҷаримаи волидайни донишомӯзон барои нақзи қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон дар соли 2017 ба беш аз 1 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи Нуриддини Саид, умдаи мавориди нақзи Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон ба масоиле назири наомадани донишомӯзон ба синф ё дер ҳозир шудани онҳо дар синфҳо, латукӯб ва мамониат аз идомаи таҳсили ин афрод дар мактабҳо иртибот доштааст.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз ин нукта ибрози нигаронӣ кардааст, ки дар мавориде падарони хонаводаҳо фарзандони худро дар тобистон барои кор ба Русия мебаранд ва моҳҳо пас аз оғози соли таҳсилии ҷадид ба мактабҳои ин кишвар бармегардонанд, ки ин амр муҷиби ақиб мондани ин афрод аз раванди таҳсил мешавад.

 Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон пас аз тасвиб дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар соли 2011 амалӣ шуд, ки ба далели нақзи ин қонун, волидайни донишомӯзон муҷозот ва маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ мешаванд.