ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро ба тавсиб расонид, ки мувофиқи он минбаъд дар шаҳри Душанбе ярмаркаи доимиамалкунанда ташкил мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии раси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз ташкили фурӯшгоҳҳои доимиамалкунанда пешгирӣ аз болоравии нарх мебошад.
Дар банди 1 қарори шаҳрдор омадааст, корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" вазифадор мешаванд, ки дар чор бозори пойтахт фурӯшгоҳи доимиамлкунанда ташкил кунанд.
Ҳамин тавр, фурӯшгоҳ дар даромадгоҳи асосии "Бозори Деҳқон", даромадгоҳи асосии "Бозори Саховат", майдончаи назди бозори "Қаряи боло" ва майдончаи назди бозори "Ховарон" ташкил карда мешавад.
Раисони ноҳияҳои Душанбе бвазифадор шуданд, ки дар ташкили фурӯшгоҳҳо мусоидат карда, барои фароҳам овардани шароити фуруш тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, назорати давлатии байторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зидди сӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда, риояи талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ бояд таъмин намоянд.