Барканории 35 имомхатиб дар Тоҷикистон

Рӯҳониён ба далели аз имтиҳон нагузаштан, аз вазифаашон барканор шудаанд. Ҳамаи саволҳои имтиҳон бист рӯз пеш аз имтиҳон ба имомхатибҳо равон карда шуда будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Дар Тоҷикистон сию панҷ имом-хатиби масҷидҳо аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. Дар ин бора раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳусей Шокиров хабар додааст.

Имомхатибҳо барои он аз вазифа барканор шуданд, ки ба саволҳои аттестатсионӣ посух гуфта натавонистанд. Ҳамаи саволҳо бист рӯз пеш аз имтиҳон ба имомхатибҳо равон шуда дбуданд.

Дар Тоҷикистон даҳҳо имомхатиб аз имтиҳони солона нагузаштанд

Нӯҳ сол мешавад, ки имомхатибҳои Тоҷикистонн имтиҳон месупоранд. Соли 2014 ҳукумат музди кори имомхатибҳоро 800 сомонӣ (наздики 90 доллар) муқаррар кард. Корҳои ободонӣ бошад аз ҳисоби кумаки бошандагони маҳҳалӣ анҷом дода мешуд.

Бар асоси ислоҳияи ворида ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон, масҷидҳо муваззаф ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ шуданд.

Ин ислоҳия ба пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расид ва акнун масҷидҳо, калисоҳо ва дигар созмонҳои мазҳабӣ дар кишвар бояд дар бораи манобеъи молӣ, наҳваи ҷамъоварӣ ва ҳазина кардани кумакҳои мардумӣ ва пардохти андоз гузориш диҳанд.

Дар Тоҷикистон масҷидҳо, калисоҳои русӣ ва ягона канисаи яҳудиён аз ҳисоби кумакҳои хайрияи мардумӣ фаъолият мекунанд.

Аз соли 2014 имом хатибони 265 масҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз ҳисоби будҷаи давлат ҳуқуқ дарёфт мекунанд.

Соли 1990 ва дар даврони Шуравӣ бо пешниҳоди Идораи динии мусулмонони Тоҷикистон ва мувофиқати маҷлис, масҷидҳои кишвар аз пардохти молиёт озод шуда буданд.

Соли 2012 ба дастури Кумитаи динии Тоҷикистон, имомони масҷидҳои кишвар муваззаф шуданд, ки дар бораи теъдоди намозгузорон, мизони кумакҳои хайрияи мардумӣ ва даромади молии худ гузориш диҳанд.

Дар Тоҷикистон интисоби имомони масҷидҳо бо пешниҳоди Шурои уламо анҷом мешавад.