Дар Тоҷикистон камобеш 2 ҳазор масҷиду намозгоҳ баста шудааст

Бархе аз ин масҷиду намозгоҳҳо бо қарори ҳукуматҳои маҳаллӣ ба хонаводаҳои ниёзманд вогузор шуда ва бархе ҳам фарҳангсаро, чойхона, дармонгоҳ ва ё кӯдакистон гардонда шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ниҳодҳои Тоҷикистон 1 938 масҷиду намозгоҳро ба иллати надоштани санадҳои расмӣ бастаанд, гузориш дод Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи умури динӣ ва танзими ҷашну маросим дар Ҳукумати Тоҷикистон.

“Бисёре аз ин масҷидҳо бе муҷаввиз сохта шуда ва бе санади расмӣ фаъолият доштанд. Барояшон фурсате дода шуд то санадҳояшонро омода ва расман номнавис кунанд. Вале бисёре аз онҳо дар муддати муқарраршуда аснодашонро дуруст накарданд ва баста шуданд”, — тавзеҳ дод Давлатзода.

Бархе аз ин масҷиду намозгоҳҳо бо қарори ҳукуматҳои маҳаллӣ ба хонаводаҳои ниёзманд вогузор шуда ва бархе ҳам фарҳангсаро, чойхона, дармонгоҳ ва ё кӯдакистон гардонда шудаанд.

Барои риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар Исфара 45 масҷид баста шуд

Бино ба додаҳои ин Кумита, то поёни соли 2017 дар Тоҷикистон 48 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 намозгоҳ, 67 созмони динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3973 иттиҳодияи динӣ расман сабт шудаанд. Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 410 иттиҳодияи динӣ фаъол буд.

Чанде пеш дар шаҳри Исфара 24 масҷид баста шуда буд. шаҳрдори Исфара Дилшод Расулзода далели баста шудани ин масҷидҳоро “ҷавобгӯ набудан ба талабот ва риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ” гуфта буд.