ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон аз дер боз пешниҳоди пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиёро баррасӣ дорад. Аммо беш аз 50 дарсад аз сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аз Чин ворез мешаванд. Ҳамкорӣ бо Чин дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин роҳбурдҳои Душанбе аст.
“Дар чунин шароите Тоҷикистон пешорӯи интихобе қарор мегирад, ки бо кадом кишвар ё кишварҳо ҳамсуду ҳамсӯ бошад. Бовармандам, ки Тоҷикистон беш аз дигар кишварҳо хостори ҳамгароӣ дар чорчӯби Уросиёи Бузург аст”, — мегӯяд Масаулов.
Вай ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон хостори ҳамоҳангсозии шабакаи муштараки барқ аст, чуноне ки дар замони Шуравӣ буд. “Акнун, ки раҳбарии Узбакистон нав шуда, ҳама шароит барои бозсозии он шабака фароҳам омадааст, вале дар ин замина ҳам бояд бештар кор кард”, — муътақид аст ин коршинос.
“Умеде, ки ба амалисозии тарҳи “КАСА-1000” бастаанд, ки бояд барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон мунтақил кунад, ваҳме беш нест. Ин тарҳ ба гумон аст, ки иҷро шавад”, — мегӯяд Масаулов.
Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон хостори кашидани хатти лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин аз қаламраваш аст ва мехоҳад корхонаҳое, ки барои кишвар судовар хоҳанд буд, ҳарчи зудтар сохта шаванд, то қаламраваш манбаъи ашёи хом нагардадю Тоҷикистон метавонист ин хостаҳояшро дар чорчӯби тарҳҳои ҳамгароӣ бароварда созад.
Афзун бар ин, коршиносон ҳамвора аз таҳдидҳое бим медиҳанд, ки аз мумкин аст аз Афғонистон сар зананд. Вале аз он кишвар ҳеч хатаре таҳдид намекунад ва гумон надорам, ки дар оянда низ таҳдид кунад, ҳарчанд гурӯҳҳое аз ҷангҷӯён ба он кишвар интиқол ёфтаанд. Аммо хатари афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ошкор аст ва сол аз сол ҳам бештар мешавад. аз ин рӯ, Тоҷикистон тамоюл дорад, ки ин масоилро бо такя ба шариконаш ҳалл кунад.
Ҳамоҳангсози барномаи “Уросиёи Бузург” таъкид кард, ки бо имтиёзоте, ки ба коргарони муҳоҷири тоҷик ба далели пайвастани Тоҷикистон ба ИИУ дода хоҳад шуд, ба ҳамроҳи тасҳилоти гумрукӣ ва ҳаракати озодонаи коло ва нерӯи кор дар қаламрави кишварҳои узви ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ, Тоҷикистон манофеъи дарозмуддати молӣ ва транзитӣ касб хоҳад кард, ки муҷиби коҳиш вобастагии Душанбе ба Пекин хоҳад шуд.