Ожонси мубориза бо фасод аз мардум кӯмак металабад: бетараф набошед!

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз мардум хоҳиш дорад дар мубориза бо ришваситонӣ ба ин ниҳод кумак кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Бо зҳамин маънӣ дар равобити умумии Ожонси мубориза бо фасод баёнияе мунташир шудааст.

Ожонси мубориза бо фасод бо боз кардани шуморае дар Viber ва Whats App аз мардум хостааст, ки дар мубориза бо фасод ба онҳо кӯмак кунанд.

Ожонсӣ тасмим гирифт, ҷиҳати ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ, муайян кардани хатарҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, қабули муроҷиатҳои шаҳрвандонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили "Viber" ва "Whats App" ба роҳ монад.

Ҳамин тавр, шаҳрвандон метавонанд, дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо омилҳои коррупсионӣ бо шумораи (+992) 880-00-63-77 ба кормандони онҳо муроҷиат кунанд.

Манбаъ афзуда, ки муборизаи босамар бо фасоду ришвахорӣ бе кӯмаки мардум ба даст намеояд.