Гузориши аксӣ аз ҷашни Сада дар шаҳри Хоруғ

Sputnik

Ба муносибати ин ҷашн дар шаҳри Хоруғ барномаи бузурги фарҳангии иборат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва консерт баргузор шуд.

Дар ин барнома раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ҳам ширкта кард.

Сада чун Наврӯзу Меҳргону Шаби ялдо яке аз ҷашнҳои бостонии ниёкони тоҷикон аст, ки панҷоҳ рӯз пештар аз фаро расидани Наврӯзу Соли нав ҷашн гирифта мешуд. Дар солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, ки дар Эрону Афғонистон расман ба кор меравад, Сада дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман фаро мерасад, ки баробар бо 30 — 31 январ дар гоҳшумории милодӣ аст.