Дар шимоли Тоҷикистон аз се амали терористӣ пешгирӣ шуд

Дар соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд аз се амлиёти терористӣ пешгирӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ мудири Раёсати ВУД дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Қудратулло Назарзода хабар дод.

Ба гуфаи вай, чунин амалиёт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  пешгирӣ гардид.

"Ҷинояткорон мехостанд дар бинои додситонии ноҳия инфиҷор ба амал оваранд. Афзун бар ин, дар он хориҷиҳо даст доштанд. Ҳамкоронамон яке аз аъзоёни ин гурӯҳи терористиро боздошт карданд, чор ҳаммаслакони дигари онҳо дар ҳудуди давлати хориҷа боздошт шудаанд. Бо ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст",- мегӯяд Назарзода.

Инфиҷор дар Раёсати умури дохилаи Хатлон: як милиса кушта шуд

Дигар ҳодиса, ба гуфтаи вай, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст.

"Мақомот гурӯҳи ҷиноятпешаи мусаллаҳеро боздошт карданд. Ин гурӯҳ низ мехостанд дар бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инфиҷор ба амал оваранд.  Як ҳодисаи дигари ба ҳамин монанд, дар шаҳри Исфара пешгирӣ карда шуд. Ду ҷонияткоре дастгир шуданд, ки мехостанд кормандони милиса, аз ҷумла як корманди БДА-ро ба ба қатл расонанд",- афзудааст вай.

Назарзода ҳамчунин гуфт, ки дар Вазорати умури дохила телефони боварӣ шабонарӯз фаъол аст.

 "Агар шаҳрвандон хоҳанд, ки шахсан ба ман шикоят кунанд, метавонам зангҳои онҳоро қабул кунам. Ҳамчунин мехоҳам бо рӯзноманигорон иртиботи зич дошта бошам"-, гуфт мудири раёсат.

Қудратулло Назарзода ҳамчунин хабар дод, ки 1041 шаҳрванди вилояти Суғд дар пайгард қарор дошта, аз он 630 нафарашон барои амлиёти терористӣ ҷустуҷӯ мешаванд.