Сафаров: овозаҳо дар бораи тавсеаталабии Чин дар Тоҷикистон дурӯғанд

Сайфулло Сафаров овозаҳо дар бораи тавсеаталабии Чин дар Тоҷикистонро такзиб кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Душанбе ва Пекин ҳамкории роҳбурдӣ доранд, гуфт муовини аввали Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ.

“Чин дар Тоҷикистон тавсеаталабӣ надорад. Мо ҳамкории роҳбурдӣ дорем. Ҳамеша дӯстӣ кардаем ва дӯстӣ хоҳем кард”, — гуфт Сайфулло Сафаров дар посух ба суоли хабарнигори “РИА Новости”.

Вай ёдоварӣ кард, ки Тоҷикистон дар пайгирии сиёсати хориҷӣ аз тароз кор мегирад ва равобити хубе бо Русия, Чин ва Амрико дорад.

Сафаров афзуд, ки Тоҷикистон наметавонад бе гузаштҳои муайяне саноъеи маъдан, аз ҷумла истихроҷи филиззҳои гаронбаҳоро пеш барад.

“Мо истихроҷи маъданҳои кӯҳиямонро ба Русия, Қазоқистон ва Фаронса пешниҳод карда будем, вале танҳо бо Чин тавонистем ба созиш бирасем”, — тавзеҳ дод вай.

Тоҷикистон ахиран заминҳоеро дар ҷануби кишвар ба кишоварзони чинӣ вогузор кардан гирифтааст.

Чанде пеш Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарордоди сармоягузорӣ миёни Ҳукумати ҶТ, ширкати KrysoResourcesLimited ва ширкати “Покрӯд” барои истихроҷи маъдани “Покрӯд” дар ҷамоати Ромитро тасвиб карда буд.

Ба гуфти Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи амволи давлатии ҶТ, ҳама саҳоми ширкати “Покрӯд” аз они ширкати чинӣ ҳастанд. Ин ширкат кони тиллои “Покрӯд”-ро аз соли 2012 кандан гирифта ва то кунун беш аз 180 млн дуллор дар он ҳазина карда ва қарор аст беш аз 76 млн дулор низ бар он бияфзояд.

Ширкати чинӣ аз замони оғози истихроҷи тилло дар ин кон то кунун беш аз 230 млн сомонӣ ё 21,6 млн дулор молиёт ба Тоҷикистон пардохт кардааст.