Як корбари интернет акси "зеботарин духтарони ҷинояткорро" мунташир кард

Як корбари шабакаи иҷтимои Twitter акси духтарони зебоеро чамъ овардааст, ки даст ба ҷиноят задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Twitter корбаре акси духтарони зебоеро ҷамъ овардааст, ки ба ҷиноят даст задаанд.

Ин корбар номи аккаунташро аз калимаи mugshot-акси ҷинояткор гирифтааст.

Рӯйхати қаҳрамононе, ки акси онҳоро mugshot ҷамъоварӣ кардааст, дароз аст: аз духтарони дузд то қотил ва ҳуҷҷатсозро дар бар мегирад.

Вебгоҳи "Ток" ин аксҳоро дар шакли навор ҷамъоварӣ кардааст.

 

 

Дар ин саҳифа ҳар лаҳзае акси нав ҳамроҳ карда мешавад. Ба он аллакай 62 ҳазор нафар пайрав шудаанд.

Ёдовар мешавем, дар соли 2014 дар Калифорнияи Амрико як маҳбусӣ бо Бунгогоҳи моделӣ шартнома баст.

Вай аз шартномарои Blaze Models 30 ҳазор доллар ба даст овард. Ҳатто бунгоҳҳои машҳури Versace ва Armani ба вай пешниҳоди шартномаи ҳамкорӣ карданд.

Чанде пас, модари ин ҷавон дар интернет сайте кушода, бо мунташир кардани акси зебои писараш хост пул ҷамъ кунад.