Дар Қӯрғонтеппа фоҳишахона ошкор карданд

Ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона як зани 35-солаи сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дастгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милиса дар шаҳри Қӯрғонтеппа фоҳишахона ошкор кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса ҳангоми тафтишоти фаврӣ зани 35-солаеро ба иттиҳоми ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, ин зан санаи 21 ва 23-юми январи соли 2018, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ба фоҳишахона табдил дода, ба 2 нафар зани 35, 37-солаи сокинони шаҳри мазкур ва 2 нафар мардони 23-солаи сокинони ноҳияи Бохтар барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

"Ҳодиса пайгирӣ мешавад ва  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад",- гуфта мешавад дар иттилои манаъ.

Пештар, ВУД хобар дода буд, ки дар Душанбе зани ҷавонеро дастгир кардааст, ки донишҷӯдухтареро ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст. Гуфта мешуд, муттаҳам барои ин "хидматаш" 100 доллару 200 сомонӣ "мукофотпулӣ" гирифтааст.