ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро имзо кард, ки мувофқи он барои донишомӯзони аълохону фаъоли шаҳри Душанбе 382 500 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯйхати барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2017 — 2018 тасдиқ шудааст.
"Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд",- омадааст дар қарори шаҳрдори Душанбе.
Пештар хабар дода шуд, ки раиси шаҳри Душанбе барои 200 донишомӯз стипендия созмон додааст.
Минбаъ довталабоне, ки дар мактабҳои миёнаву касбиву олӣ бо баҳои аъло мехонанд ва аз озмуни вижа гузаштаанд, ҳар моҳ аз шаҳрдори Душанбе 250 сомонӣ стипендия хоҳанд гирифт.