ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik.Имрӯз, 2 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо охири рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 2-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, танҳо охирҳои рӯз боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.