Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: занони кадом кишварҳо ҳиҷоб мепӯшанд?

Sputnik

Ҳиҷоб-ин навъи сарпӯши занонаест, ки дар фарҳанги мусулмонон роиҷ аст.

Оғоз аз соли 2013 рӯзи якуми феврал чун Рӯзи ҳиҷоб таҷлил мешавад.

Ин рӯзи занони мусулмон мебошад. Рӯзи ҳиҷоб ҷашни ҷавонест, ки сол то сол дар ҷаҳон шӯҳраташ бештар мешавад.

Ин ҷашн соли 2013 бо ибтикори зани мусулмон Назма Кхан аз Бангладеш, ки дар ИМА ба сар мебарад ҷорӣ шудааст.

Соли 2015 ин ҷашнро беш аз 10 милюн кас аз 116 кишвари дунё дастгирӣ карданд.

1 / 13
Занони ҳиҷобпӯш дар шаҳри Риёзи Арабистони Саъудӣ.
2 / 13
Дастаи занонаи волейболи Миср дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро.
3 / 13
Духтарони мактабхон дар яке аз мактабҳои духтаронаи Дайраззори Сурия.
4 / 13
Духтарони мусулмони Ҳинд пеш аз ҷашни Ал-Адҳа.
5 / 13
Шамшербози амрикоӣ Ибтиҳоҷ Муҳаммад бо лухтаки барбӣ, ки монанди ӯ сохта шудааст.
6 / 13
Духтараке ба сар ҳиҷоб мепӯшад.
7 / 13
Муделе дар намоиши хонаи тарроҳии Firdaws дар чорчӯби Volvo Fashion Week.
8 / 13
Ширкаткунандагони ҳамоиши занони вакил дар чорчӯби 137-умин Ассамблеяи Шӯрои байнипарлумонӣ дар Санкт-Петербург.
9 / 13
Варзишкори фаластинӣ Воруд Савалҳа дар XXVII-умин сабқати ҷаҳонӣ дар Қазон.
10 / 13
Ширкаткунандагони чорабинии фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи занони Чеченистон дар Грозний.
11 / 13
Нилуфар Раҳмонӣ халабони тайёраи низмоии Афғонистон.
12 / 13
Ширкаткунандаи "Марафони Қазон 2016-Ба худат бовар кун" дар Қазон.
13 / 13
Блогнависи ҳиҷобпӯш.