Дастовардҳои сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон: 8 санади нави ҳамкорӣ

Ҳайъатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо ширкати сарони ду кишвар 8 санади нави ҳамкориро имзо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, пас аз дидору музокирот дар сатҳи олӣ Изҳороти муштараки раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков қабул гардид ва санадҳои зерин имзо шуданд:

Раҳмон ва Жээнбеков бар ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ таъкид карданд

Созишномаи тартиби буду боши шаҳрвандони ҶТ дар қаламрави ҶҚ ва шаҳрвандони ҶҚ дар қаламрави ҶТ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон;

Барномаи ҳамкории тиҷорӣ — иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон;

Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон;

Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодӣ миёни Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди ҶТ ва Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоъот ва гардишгарии Ҷумҳурии Қирғизистон;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2018 – 2020;

Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ миёни Кумисюни олии аттестатсионии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумисюни олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон;

Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои устуворсозии муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дар солҳои 2018-2020.

“Пас аз имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро барои рушду густариши ҳамкорӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон неку назаррас арзёбӣ карданд”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.