Дар сохтмони "Роғун" чор тан ҷони худро аз даст додаанд

Аз онҳо ду тан ронанда, як нафар нақбкан буданд. Як корманди дигари нерӯгоҳи "Роғун" зери шиддати барқ мондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" чор тан қурбон шудаанд. Дар ин бора раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ Раҳим Санъат дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Би иттилои вай, соли гузашта дар сохтмони нерӯгоҳ ҳангоми кор 4 тан ҳалок шуда, 9 тани маҷрӯҳ шудаанд.

 "Ҳафтуми июни соли 2017 ҷамъияти сохтмони асосии нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар нақб як нафар ҳалок шуд. Давлатов, сокини 38-солаи шаҳри Роғун зери шиддати барқ монд",- қайд кард вай.

Ба гуфтаи Раҳми Санъат, ду нафари дигар дар нерӯгоҳ ронанда буданд.

Дар умум, ба гуфтаи Раҳим Санъат дар натиҷаи садама ва дигар ҳодисаҳои нохуш дар иншооти соҳаи кӯҳкорӣ дар Тоҷикистон 10 нафар кушта шуданд ва 18 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи ӯ, 5 нафар аз ин кушташудагон шаҳрвандони Чин будаанд ва умдатан дар конҳо зери хок монда ҷон додаанд. Ду нафари дигар дар пойтахти Тоҷикистон ба чоҳи лифт афтода ҳалок шудаанд.