Дипломатҳои тоҷик дар Чин бо мактабхонон мусоҳиба оростанд

Бахти бархе аз донишомӯзони чинӣ баландӣ кард. Ин рӯзноманогорони оянда, аввалин мусоҳибаашонро бо дипломатҳои тоҷик анҷом доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дипломатҳои тоҷик дар Чин бо мактабхонон мусоҳиба оростанд. Дар бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода 31 январи соли ҷорӣ бо рӯзноманигорони наврас мулоқот намудааст.

"Тоҷикистон ва Чинро куҳҳои сарбаланд, дарёҳои серобу босуръат муттаҳид намуда, сарҳади мо таҷҷасумгари сулҳу ҳамкорӣ мебошад. Мо ҳамсояҳои нек ва шарикони боэътимод ҳастем. Мо мехоҳем, ки рӯзноманигорони наврас дар бораи Тоҷикистони ҳамсоя маълумоти бештар дошта бошанд, ҷонибдори дӯстии устувори Тоҷикистону Чин бошанд, онро ҳифз намуда, иштирокчии фаъоли ҳамкории ду кишвар гарданд" —изҳор доштааст  Парвиз Давлатзода.

Сафир инчунин ба мактаббачагони Чин дар бораи кишвари хеш, рушди фарҳанг ва санъат дар Тоҷикистони муосир, идҳои миллии "Сада", "Наврӯз" ва Мехргон", оид ба муҳим будани тавсеаи ҳамкориҳои дар соҳаи фарҳанг ва маориф ва рушди сайёҳии фарҳангию таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Чин маълумот пешниҳод кард.

"Дар рафти вохӯрӣ як гурӯҳ рӯзноманигорони наврас мусоҳибаи аввалини хешро анҷом бахшиданд. Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ба ҳамаи саволҳои мухбирони наврас ҷавобҳои муфассал дод", гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Дар анҷоми чорабинӣ Давлатзода рӯзноманигорони навраси Чинро бо фарорасии иди Баҳор табрик намуда, ба онҳо муваффақият ва комёбиҳои эҷодӣ таманно намудааст.

Ёдрас мешавем, ҳоло дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазоратҳову ниҳодҳои кишвар идома дорад.