Раҷаббой Аҳмадзода ҳам минбаъд дар Viber бо мардум сӯҳбат мекунад

Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро тариқи шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ба роҳбарияти вилоят ирсол намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода ҳам минбаъд дар Viber бо мардум сӯҳбат мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.

Гуфта мешавад, минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро тариқи шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ба роҳбарияти вилоят ирсол намоянд.

Муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта корбарӣ хоҳанд намуд.