Обуҳаво барои имрӯз: барф меборад ва ҳарорат паст мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Имрӯз, 1 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва рӯзона фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар пойтахт ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.