Аз бандкашӣ то рақсу бозӣ: таҷлили Сада дар Душанбе

Sputnik

Бошандагони пойтахт ва меҳмонон дар ин чорабинӣ имкон доштанд бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гулдӯзӣ, гилкорӣ ва ғайра ошно шаванд.

Дар баробари ин барои болидагии хотири меҳмонон барномаи фарҳангӣ ва фурӯши ниҳолҳо роҳандозӣ шуд.

 

 

1 / 8
Дар "Боғи дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
2 / 8
Аз оғози ҷашни Сада то иди Наврӯз расо 50 рӯз ва 50 шаб мегузард.
3 / 8
Ба ҳавои сарди зимистонӣ нигоҳ накарда ба истиқболи ҷашни Сада мардуми зиёде ҷамъ шуд.
4 / 8
Чун аксари мардум мехостанд бо маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ошно шаванд.
5 / 8
Гӯшаи ҳунармандони Истаравшан таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ ҷалб кард.
6 / 8
Навозандагон ба ҷашни Сада шукӯҳу шаҳомати хосса зам карданд.
7 / 8
Дар барномаи фарҳангӣ ансамблҳои рақсии "Ҷаҳонноро" ва "Чаман" ба мардум хушнудӣ бахшиданд.
8 / 8
Барои дар чунин ҳавои сард каме гарм шудан, мардон ба бандкашӣ машғул шуданд.