Рустам Эмомалӣ Қонуни забонро дар шаҳрдории Душанбе ба иҷро мегузорад

Шаҳрдори Душанбе дар ҳукумати пойтахт Кумисюни иҷрои Қонуни забони давлатӣ ташкил мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе имрӯз қарореро имзо кард, ки бар асоси он дар ҳукумати пойтахт Кумисюни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода мешавад.

Хешкории ин Кумисюн, чунон ки аз қарори шаҳрдор бар меояд, иҷрои Қонуни забони давлатӣ ва созгор кардани раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва ниҳодҳои шаҳрдории Душанбе аст.

Қарори шаҳрдор барои тасвиб ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.