ДУШАНБЕ, 30 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити уумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 28 январ ба муносибати ҷашни Сада дар Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон" чорабинии фарҳангии хайриявӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорони Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ба номи Аҳмад Бобоқулов" дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ҳамсафар" ташкил гардидааст.
"Мақсади асосии чорабинӣ руҳбаланд ва дастгирӣ намудани пиронсолон ва маъюбон буд", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки донишҷӯён бо сурудҳои пурмазмун ва оҳангҳои дилнавоз хотири пиронсолон ва маъюбонро болида гардониданд.
Пештар хабар дода шуд, ки овозхонони Бадахшон барои кӯмак ба ҷавони бемор дар Маскав консерти хайриявӣ баргузор карданд.