Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи таҷлили ҷашни Сада

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи таҷлили ҷашни Сада қарор баровардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умуми шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин қарор ба хотири амалӣ намудани пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи идҳо" амалӣ мешавад.

"30 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Дӯстии халқҳо"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил карда шавад", — омадаасӣт дар қарори раиси Душанбе.

Меҳргон ва Сада ҳам ҷашнҳои расмӣ мешаванд

Муовини якум, муовинони шаҳрдор ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулбуттаҳо вазифадор шудаанд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи шаҳрдорӣ, Муассисаи давлатии "Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ вазифадор шудаанд, ки шиору навиштаҷоти идонаро бо риояи суннатҳои сада, шеърҳо дар васфи ҷашни Садаро аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза ва баннер омода ва насб намоянд.

Ҳамчунин раёсатҳои ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии "Ёрии таъҷилӣ" ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзи баргузории чорабинӣ бояд чораҳои дахлдор андешанд.