Тоҷикистону Туркия корхонаи саноатӣ месозанд

Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Туркия бо раиси Палатаи савдо ва саноати Анқара суҳбат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв- Sputnik.  Ба гузориши равобити умумии ВУХ Тоҷикистон рӯзи 25 январ мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Анкараи Нуреттин Оздебир баргузор гардидааст.

Зимни мулоқот дар робита ба масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо табодули назар сурат гирифтанд.  

"Ҳарду ҷониб дар раванди тавсеаи ҳамкориҳо баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои тиҷоратиро ба мақсади дастрасӣ ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок  муҳим арзёбӣ намуданд", — омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идома ва таҳкими бештари ҳамкориҳо изҳор намуда, ба зарурати тақвияти ҷанбаи амалии ҳамкориҳо таъкид намуданд.