Барои бозҷусти ҳалокати тоҷикистониён дар сӯхтор парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Дар яке аз манзилҳо дар Красногорск сӯхтор ба амал омад. Дар паи ин ҳодиса зани 48-сола ва набераи 6-солааш ҷон бохтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муфаттишон аз рӯи қазияи ҳалокати шаҳрвндони Тоҷикистон дар сӯхтор парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

"Аз рӯи қазияи кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар сӯхтор мувофиқи моддаи "Ба ҳалокат расонидани ду ва ё бештар тан" парванди ҷиноӣ боз карда шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Навори сӯхторе, ки ҷони чаҳор тоҷикистониро гирифт

Бино ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 28 январ дар яке аз манзилҳои Красногорск сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи он зани 48-сола бо набераи 6-солааш ҷон бохтанд.

Ҳамчунин дар паи ин сӯхтор марди 48-сола ва писари 13-солааш ҳам ҷароҳат бардоштанду дар бемористон ҷон доданд.

Муайян шудааст, ки дар ин манзил нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла се кӯдак зиндагӣ мекардааст. Хонаро тоҷикон иҷора гирифта будаанд.

Қонунӣ будани буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон санҷида мешаваду сабабҳои сӯхтор ба зудӣ муайян мегардад.