ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шаҳрванди Узбакистон, ки фарзандашро ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта аст, ба ҳукми додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург маҳкум ба 4 сол зиндон ва ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки зану шавҳар будаанд, ҳар кадом маҳкум ба 3 сол зиндон шудаанд.
Ба гузориши равобити умумии Кумитаи бозҷусти шаҳри Санкт-Петербург, ин шаҳрванди Узбакистон тобистони соли 2016 бо он шаҳрвандони Тоҷикистон қарор баста, ки фарзандашро, ки бояд тирамоҳи соли 2016 зода мешуд, ройгон ба онҳо медиҳад. Ин қарор 20 октябри соли 2016 дар манзиле дар он шаҳр амалӣ шуда будааст.
“Шаҳрванди Узбакистон ба ҳукми додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург маҳкум ба 4 сол ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар кадом маҳкум ба 3 сол ҳабс дар зиндони корӣ шудаанд”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.
Додистонии шаҳри Петербург иттилоъ дода, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки намояндагони қонунии кӯдак набудаанд, ӯро дар хонаводаашон тарбия мекардаанд.
Ҳеч кадоме аз маҳкумшудагон худро дар ин қазия муҷрим нашинохтааст. Ҳукми додгоҳ низ ҳануз дорои эътибори қонунӣ нашудааст, гуфтанд дар додситонии Петербург.