ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон, дар паи бориши барф ва кунд шудани рафту омад дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, аз ронандаҳо дархост карда, ки худравҳояшонро дар кӯчаву хиёбонҳо намонанд.
“Аз бошандагон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бавижа ронандаҳо дархост мешавад, ки худравҳояшонро дар канори роҳ ва истгоҳҳои нақлиёти умумӣ нагузоранд то роҳи мошинҳои барфрӯбро набанданд”, — гуфта шудааст дар ин фарохон.
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон огаҳӣ додааст, ки 30 – 31 январ ҳаво дар саросари кишвар барф хоҳад борид ва роҳҳо ях хоҳанд баст. Чунин вазъ то 2 феврал идома хоҳад ёфт.