Дар Тоҷикистон осебдидагон аз ширкатҳои корёб дар Арабистони Саудиро меҷӯянд

Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки аз ширкатҳои корёб дар Арабистон Саудӣ фиреб хӯрдаанд, дархост кардааст аз онҳо шикоят кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонеро меҷӯяд, ки аз ширкатҳои корёбу гардишгарӣ фиреб хӯрдаанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

“Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост карда, ки агар аз ширкатҳое шикоят дошта бошанд, ки корҷӯёнро ба Арабистони Саудӣ фиристодаву дар он кишвар қарордодашонро шикаста ва муҳоҷиронро водор ба кори иҷборӣ дар хонаҳои арабистониҳо карда бошанд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд”, — гуфта мешавад дар муроҷиатномаи Идораи бозҷусти парвандаҳои муҳим.

Додситонии Тоҷикистон се ширкати корёбиро муттаҳам ба одамфурӯшӣ кард

Манзур аз он ширкатҳо бунгоҳҳои гардишгарии “Ҷамол-2012”, “Имкон-2015” ва “Абдулкарим” аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ мефиристоданд.

Бино ба гузориши ин расона, Додситонии кулл барои мушаххас кардани шумораи шаҳрвандоне, ки ин ширкатҳо ба хориҷа фиристодаанд, бо ниҳодҳои додситонии дигар кишварҳо низ ҳамкорӣ дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки 26 сентябри соли 2017 Додситонии кулли Тоҷикистон роҳбарони он се ширкатро муттаҳам ба одамфурӯшӣ кард ва барояшон парванда оғоз карда қазияро бозҷуст дорад.