Низомиёни рус ба донишомӯзони тоҷик 1000 китоб доданд

Военнослужащие 201-й РВБ передали учебную и художественную литературу в школу №37
Низомиёни пойгоҳи 201-ум Русия ба мактаби рақами 37 китобҳои машҳуртарин нависандагони ҷаҳон, нашриёти илмӣ ва китобҳои дарсӣ супориданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми мустақар дар Тоҷикистон ба мактаби рақами 37-и ба номи қаҳрамони ИҶШС Мироненко беш аз ҳазор китоб супориданд.

Дар ин бора равобити умумии Округи ҳарбии марказӣ хабар медиҳад.

"Низомиёни пойгоҳи 201-ум Русия ба мактаби рақами 37 китобҳои машҳуртарин нависандагони ҷаҳон, нашриёти илмӣ ва китобҳои дарсӣ супориданд. Мудири мактаб Каримова низомиёнро супосгузорӣ карда ба ҳамкориҳои минбаъда умед кардааст", —омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки дар остонаи оғози нимсолаи нави таҳсил китобҳо туҳфаи хубе барои муҳассилин хоҳад буд.   

Пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар ҶТ бузургтарин ягони низомии ФР дар хориҷ аз он кишвар аст.