ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳафтаи равон ду шаҳрванди кишварро ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии сангҳои табиии гаронбаҳо дастгир кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 26-уми январи соли равон, марди 33-солаи сокини кӯчаи Гипроземи ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили ҳамёни номбурда 17-адад сангҳои гуногунҳаҷми табиии қимматбаҳои навъи "лаъл", вазни умумиашон 9,97-грамм, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин кормандони милитсия бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 44-солаи сокини ноҳияи Рушонро дар шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.
"13-уми январи соли 2018 дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш тамғаи "Тойота Раннер", аз пинҳонгоҳи қисми чапи "торпедааш" 1 адад халтача, ки дар дохили он 38 адад сангҳои табиии қимматбаҳои навъи "ёқут" ва 21-адад сангҳои гуногунҳаҷми табии қимматбаҳои навъи "лаъл", вазни умумиашон 59,40-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шуд",- афзудааст манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.