Огоҳӣ ба муҳоҷирон: дар давоми ду моҳ чораҳои амниятӣ дар Русия пурзӯр мешавад

Дар 11 шаҳри Русия дар давоми 2 моҳ аз 25 май то 25 июл чораҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд. Муҳоҷироне, ки азми сафар ба ин шаҳрҳоро доранд, бояд дар давоми 1 шабонурӯз худро ба қайд гузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар робита бо Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Сочи дарчанд шаҳри Русия чораҳои амниятӣ пурзӯр мешавад.

Тавре ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Намояндаи вазорати меҳнат дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод,  чораҳои амниятӣ дар шаҳрҳои Маскав, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород,  Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараия бо мақсади  таъмини бехатарӣ чораҳои амниятӣ пурзӯр мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар тартиби бақайдгузории муҳоҷиратӣ чораҳои иловагӣ татбиқ карда мешаванд. 

Дар асоси президенти Русия  давоми ду моҳ- аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои зикршуда муҳлати бақайдгузории муҳоҷиратӣ 1 шабонарӯз (24 соат) аз вақти даромад ба қаламрави ФР муқаррар карда мешавад. Яъне шаҳрванди хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли равон ба шаҳрҳои номбаршуда ворид мешавад, бояд дар давоми 1 шабонарӯз танҳо дар мақомоти дахлдор- шуъбаҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия шахсан рафта, аз қайди муҳоҷиратӣ гузарад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Инчунин тибқи талаботи фармони мазкур дар давоми баргузории мусобиқот дар ин шаҳрҳо бақайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути почта ё худ марказҳои муҳоҷиратӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Муҳоҷироне, ки дар давоми баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба шаҳрҳои номбаршуда мақсади сафар доранд, бояд қаблан ҷойи иқомати муваққатӣ ва имкониятҳои дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худро ба нақша гиранд. Зеро риоя нагардидани ин меъёр боиси татбиқи чораҳои қатъии маъмурӣ шуда, хатари ихроҷ ва баста шудани вуруди минбаъдаи онҳо  ба Федератсияи Россия мегардад.

Дар давраи мусобиқот- аз 25 май то 25 июли соли равон дар шаҳрҳои мазкур шуъбаҳои оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия бе рӯзҳои истироҳатӣ шабонарӯз фаъолият менамоянд.