ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Имрӯз, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар пойтахт ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 1-1 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар робита ба ноустувор ва паст шудани ҳарорати боду ҳавои ҷумҳурӣ сокинонро огоҳ карда буд.