Гумрук: Абдуфаттоҳ Ғоиб кадри хуб буд, аммо гӯшти мурғ...

Собиқ муовини Абдуфаттоҳ Ғоиб ӯро чун роҳбари пешраве, ки кори худро хуб медонад, муаррифӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, Абдуфаттоҳ Ғоиб бо далели ворид шудани гӯшти мурғи пастсифат ба Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст.

Вай қайд кард, ки дар робита ба ин мушкилӣ бархе роҳбарон танбеҳ гирифтанд ва бархеи онҳо барканор шуданд.

Дар баробари ин, Турсунзода Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳамчун роҳбари кордон муаррифӣ кард.

"Абдуфаттоҳ Ғоибро Ҳукумати кишвар ба дигар мансаб таъин кардааст. Мо боварӣ дорем, дар  симате, ки ба дӯш гирифтааст, корашро бомуваффақият идома медиҳад",- гуфт вай.

Ёдрас мешавем, 19-уми январ бо як қарори вижаи Эмомалӣ Раҳмон Абдуфаттоҳ Ғоиб барканор шуда, ҷойи вайро дар Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода гирифт. Ҳоло мансаби нави Абдуфаттоҳ Ғоиб расман эълон нашудааст.